Hafez

Шоҳи шамшодқадон, хусрави шириндаҳанон

Ғазали 387

Шоҳи шамшодқадон, хусрави шириндаҳанон,
Ки ба мижгон шиканад қалби ҳама сафшиканон,

Маст бигзашту назар бар мани дарвеш андохт,
Гуфт: Эй чашму чароғи ҳама ширинсуханон,

То кай аз симу зарат кисса тиҳӣ хоҳад буд?
Бандаи ман шаву бар хур зи ҳама симтанон!

Камтар аз зарра найӣ, паст машав, меҳр биварз,
То ба хилватгаҳи хуршед расӣ чархзанон.

Бар ҷаҳон такя макун в-ар қадаҳе май дорӣ,
Шодии зуҳраҷабинон хуру нозукбаданон.

Пири паймонакаши ман, ки равонаш хуш бод,
Гуфт: Парҳез кун аз суҳбати паймоншиканон.

Домани дӯст ба даст ору зи душман бигусил,
Марди Яздон шаву эмин гузар аз аҳриманон.

Бо сабо дар чаман лола саҳар мегуфтам,
Ки шаҳидони киянд ин ҳама хунинкафанон?

Гуфт: Ҳофиз, ману ту маҳрами ин роз наем,
Аз майи лаъл ҳикоят куну шириндаҳанон.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед