Hafez

Баҳору гул тарабангез гашту тавбашикан

Ғазали 388

Баҳору гул тарабангез гашту тавбашикан,
Ба шодии рухи гул бехи ғам зи дил баркан.

Расид боди сабо, ғунча дар ҳаводорӣ
Зи худ бурун шуду бар худ дарид пироҳан.

Тариқи сидқ биёмӯз аз оби софии дил,
Ба ростӣ талаб озодагӣ зи сарви чаман.

Зи дастбурди сабо гирди гул кулола нигар,
Шиканҷи гесуи сунбул бибин ба рӯйи суман.

Арӯси ғунча расид аз ҳарам ба толеъи саъд,
Биъайниҳи дилу дин мебарад ба ваҷҳи ҳасан.

Сафири булбули шӯридаву нафири ҳазор
Барои васли гул омад бурун зи байти ҳазан.

Ҳадиси суҳбати хубону ҷоми бода бигӯ
Ба қавли Ҳофизу фатвои пири соҳибфан.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед