Hafez

Хуштар аз фикри маю ҷом чӣ хоҳад будан

Ғазали 391

Хуштар аз фикри маю ҷом чӣ хоҳад будан,
То бибинам, ки саранҷом чӣ хоҳад будан.

Ғами дил чанд тавон хӯрд, ки айём намонд?
Гӯ, на дил бошу на айём, чӣ хоҳад будан.

Мурғи камҳавсаларо гӯ, ғами худ хур, ки бар ӯ
Раҳми он кас, ки ниҳад дом, чӣ хоҳад будан?

Бода хур, ғам махуру панди муқаллид маниюш,
Эътибори сухани ом чӣ хоҳад будан?

Дастранҷи ту ҳамон беҳ, ки шавад сарф ба ком,
Донӣ охир, ки ба ноком чӣ хоҳад будан?

Пири майхона ҳамехонд муаммое дӯш
Аз хати ҷом, ки фарҷом чӣ хоҳад будан.

Бурдам аз раҳ дили Ҳофиз ба дафу чангу ғазал,
То ҷазои мани бадном чӣ хоҳад будан?

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед