Hafez

Субҳ аст, соқиё, қадаҳе пуршароб кун

Ғазали 396

Субҳ аст, соқиё, қадаҳе пуршароб кун,
Даври фалак диранг надорад, шитоб кун.

З-он пештар, ки олами фонӣ шавад хароб,
Моро ба ҷоми бодаи гулгун хароб кун.

Хуршеди май зи машриқи соғар тулӯъ кард,
Гар барги айш металабӣ, тарки хоб кун.

Рӯзе, ки чарх аз гили мо кӯзаҳо кунад,
Зинҳор косаи сари мо пуршароб кун.

Мо марди зуҳду тавбаву томот нестем,
Бо мо ба ҷоми бодаи софӣ хитоб кун.

Кори савоб бодапарастист, Ҳофизо,
Бархезу азми ҷазм ба кори савоб кун.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед