Hafez

Эй нури чашми ман, сухане ҳаст, гӯш куш!

Ғазали 398

Эй нури чашми ман, сухане ҳаст, гӯш куш!
Чун соғарат пур аст, бинӯшону нӯш кун!

Дар роҳи ишқ васвасаи Аҳриман басест,
Пеш ою гӯши дил ба паёми Суруш кун!

Барги наво табаҳ шуду сози тараб намонд,
Эй чанг, нола баркашу эй даф, хурӯш кун!

Тасбеҳу хирқа лаззати мастӣ набахшадат,
Ҳиммат дар ин амал талаб аз майфурӯш кун!

Пирон сухан ба таҷиба гӯянд, гуфтамат,
Ҳон, эй писар, ки пир шавӣ, панд гӯш кун!

Бар ҳушманд силсила нанҳод дасти ишқ,
Хоҳӣ, ки зулфи ёр кашӣ, тарки ҳуш кун!

Бо дӯстон музоиқа дар умру мол нест,
Сад ҷон фидои ёри насиҳатниюш кун!

Соқӣ, ки ҷомат аз майи софӣ тиҳӣ мабод,
Чашми инояте ба мани дурднӯш кун!

Сармаст дар қабои зарафшон чу бигзарӣ,
Як бӯса назри Ҳофизи пашминапӯш кун!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед