Hafez

Болобаланди ишвагари нақшбози ман

Ғазали 400

Болобаланди ишвагари нақшбози ман,
Кӯтоҳ кард қиссаи зуҳди дарози ман.

Дидӣ, дило, ки охири пирию зуҳду илм
Бо ман чӣ кард дидаи маъшуқабози ман?!

Метарсам аз харобии имон, ки мебарад
Меҳроби абруи ту ҳузури намози ман.

Гуфтам ба далқи зарқ бипӯшам нишони ишқ,
Ғаммоз буд ашку аён кард рози ман.

Маст аст ёру ёди ҳарифон намекунад,
Зикраш ба хайр соқии мискиннавози ман.

Ё Раб, кай ин сабо бивазад, к-аз насими ӯ
Гардад шамомаи карамаш корсози ман?!

Нақше бар об мезанам аз гиря ҳолиё,
То кай шавад қарини ҳақиқат маҷози ман.

Бар худ чу шамъ хандазанон гиря мекунам,
То бо ту сангдил чӣ кунад сӯзу сози ман.

Зоҳид чу аз намози ту коре намеравад,
Ҳам мастии шабонаву розу ниёзи ман.

Ҳофиз зи ғусса сӯхт, бигӯ ҳолаш, эй сабо,
Бо шоҳи дӯстпарвару душмангудози ман.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед