Hafez

Эй хунбаҳои нофаи Чин хоки роҳи ту

Ғазали 409

Эй хунбаҳои нофаи Чин хоки роҳи ту,
Хуршед сояпарвари тарфи кулоҳи ту.

Хунам бихур, ки ҳеч малак бо чунон ҷамол
Аз дил наёядаш, ки нависад гуноҳи ту.

Орому хоби халқи ҷаҳонро сабаб туйӣ,
З-он шуд канори дидаву дил такягоҳи ту.

Бо ҳар ситорае сару кор аст ҳар шабам
Аз ҳасрати фурӯғи рухи ҳамчу моҳи ту.

Ёрони ҳамнишин ҳама аз ҳам ҷудо шуданд,
Моему остонаи давлатпаноҳи ту.

Ҳофиз, тамаъ мабур зи иноят, ки оқибат
Оташ занад ба хирмани ғам дуди оҳи ту.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед