Hafez

Тоби бунафша медиҳад турраи мушксои ту

Ғазали 411

Тоби бунафша медиҳад турраи мушксои ту,
Пардаи ғунча медарад хандаи дилкушои ту.

Эй гули хушнасими ман, булбули хешро масӯз,
К-аз сари сидқ мекунад шаб ҳама шаб дуои ту.

Ман, ки малул гаштаам аз нафаси фариштагон,
Қолу мақоли оламе мекашам аз барои ту.

Давлати ишқ бин, ки чун аз сари фақру ифтихор
Гӯшаи тоҷи салтанат мешиканад гадои ту.

Хирқаи зуҳду ҷоми май гарчи на дархури ҳаманд,
Ин ҳама нақш мезанам аз ҷиҳати ризои ту.

Шӯри шароби ишқи ту он нафасам равад зи сар,
К-ин сари пурҳавас шавад хоки дари сарои ту.

Шоҳнишини чашми ман такягаҳи хаёли туст,
Ҷойи дуост, шоҳи ман, бе ту мабод ҷои ту.

Хуш чаман аст оразат, хоса ки дар баҳори ҳусн
Ҳофизи хушкалом шуд мурғи сухансарои ту.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед