Hafez

Эй пайки ростон, хабари сарви мо бигӯ

Ғазали 415

Эй пайки ростон, хабари сарви мо бигӯ,
Аҳволи гул ба булбули дастонсаро бигӯ.

Мо маҳрамони хилвати унсем, ғам махур,
Бо ёри ошно сухани ошно бигӯ.

Бар ҳам чу мезад он сари зулфайни мушкбор,
Бо мо сари чӣ дошт, зи баҳри Худо, бигӯ.

Ҳар кас, ки гуфт: «Хоки дари дӯст тӯтиёст»,
Гӯ, ин сухан муоина дар чашми мо бигӯ.

Он кас, ки манъи мо зи харобот мекунад,
Гӯ, дар ҳузури пири ман ин моҷаро бигӯ.

Гар дигарат бар он дари давлат гузар бувад,
Баъд аз адои хидмату арзи дуо бигӯ:

Ҳарчанд мо бадем, ту моро бад-он магир,
Шоҳона моҷарои гуноҳи гадо бигӯ.

Бар ин фақир номаи он муҳташам бихон,
Бо ин гадо ҳикояти он подшо бигӯ.

Дилҳо зи доми зулф чу бар хок мефишонд,
Бар он ғариби мо чӣ гузашт, эй сабо, бигӯ.

Ҷонпарвараст қиссаи арбоби маърифат,
Рамзе, бирав, бипурсу ҳадисе, биё, бигӯ.

Ҳофиз, гарат ба маҷлиси ӯ роҳ медиҳанд,
Май нӯшу тарки зарқ зи баҳри Худо бигӯ!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед