Hafez

Аз хуни дил навиштам наздики ёр нома

Ғазали 426

Аз хуни дил навиштам наздики ёр нома,
Иннӣ раайту даҳран мин ҳаҷрика-л-қиёма.

Дорам ман аз фироқаш дар дида сад аломат,
Лайсат думуъу айнӣ ҳозо лана-л-алома.

Ҳарчанд, к-озмудам, аз вай набуд судам,
«Ман ҷарраба-л-муҷарраб,халлат биҳи-н-надома.

Пурсидам аз табибе аҳволи дӯст, гуфто:
Фӣ буъдиҳо азобун, фӣ қурбиҳо салома.

Гуфтам: Маломат ояд, гар гирди дӯст гардам,
Валлоҳу мо раайно ҳуббан било малома.

Ҳофиз чу толиб омад ҷоме ба ҷони ширин,
Ҳатто язуқу минҳо каъсан мина-л-карома.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед