Hafez

Чароғи рӯйи туро шамъ гашт парвона

Ғазали 427

Чароғи рӯйи туро шамъ гашт парвона,
Маро зи холи ту бо ҳоли хеш парво на.

Хирад, ки қайди маҷонини ишқ мефармуд,
Ба бӯйи ҳалқаи зулфи ту гашт девона.

Ба бӯйи зулфи ту гар ҷон ба бод рафт, чӣ шуд?
Ҳазор ҷони гиромӣ фидои ҷонона!

Мани рамида зи ғайрат зи по фитодам дӯш,
Нигори хеш чу дидам ба дасти бегона.

Чӣ нақшҳо, ки барангехтему суд надошт,
Фусуни мо бари ӯ гаштааст афсона.

Бар оташи рухи зебои ӯ ба ҷойи сипанд
Ба ғайри холи сиёҳаш кӣ дид беҳ дона?

Ба мужда ҷон ба сабо дод шамъ дар нафасе,
Зи шамъи рӯйи туаш чун расид парвона.

Маро ба даври лаби дӯст ҳаст паймоне,
Ки бар забон набарам ҷуз ҳадиси паймона.

Ҳадиси мадрасаву хонақаҳ магӯй, ки боз
Фитод дар сари Ҳофиз ҳавои майхона.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед