Hafez

Эй дил, мабош холӣ як дам зи ишқу мастӣ

Ғазали 434

Эй дил, мабош холӣ як дам зи ишқу мастӣ,
В-он гаҳ бирав, ки растӣ аз нестию ҳастӣ.

Гар ҷон ба тан бибинӣ, машғули кори ӯ шав,
Ҳар қиблае, ки бинӣ беҳтар зи худпарастӣ.

Бо заъфу нотавонӣ ҳамчун насим хуш бош,
Беморӣ андар ин раҳ беҳтар зи тандурустӣ.

Дар мазҳаби тариқат хомӣ нишони куфр аст,
Оре, тариқи давлат чолокиясту чустӣ.

То фазлу ақл бинӣ, бемаърифат нишинӣ,
Як нуктаат бигӯям: «Худро мабин, ки растӣ».

Дар остони ҷонон аз осмон маяндеш,
К-аз авҷи сарбаландӣ афтӣ ба хоки пастӣ.

Хор арчи ҷон бикоҳад, гул узри он бихоҳад,
Саҳл аст талхии май дар ҷанби завқи мастӣ.

Сӯфӣ пиёлапаймо, Ҳофиз қаробапарҳез,
Эй кӯтаҳостинон, то кай дароздастӣ?!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед