Hafez

Бо муддаӣ магӯед асрори ишқу мастӣ

Ғазали 435

Бо муддаӣ магӯед асрори ишқу мастӣ,
То бехабар бимирад дар дарди худпарастӣ.

Ошиқ шав, арна, рӯзе кори ҷаҳон сар ояд,
Нохонда нақши мақсуд аз коргоҳи ҳастӣ.

Дӯш он санам чӣ хуш гуфт дар маҷлиси муғонам:
«Бо кофирон чӣ корат, гар бут намепарастӣ?»

Султони ман, Худоро, зулфат шикаст моро,
То кай кунад сиёҳе чандин дароздастӣ?

Дар гӯшаи саломат мастур чун тавон буд,
То наргиси ту бо мо гӯяд румузи мастӣ?

Он рӯз дида будам ин фитнаҳо, ки бархост,
К-аз саркашӣ замоне бо мо наменишастӣ.

Ишқат ба дасти тӯфон хоҳад супурд, Ҳофиз,
Чун барқ аз ин кашокаш пиндоштӣ, ки ҷастӣ?

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед