Hafez

Эй қиссаи биҳишт зи кӯят ҳикояте

Ғазали 437

Эй қиссаи биҳишт зи кӯят ҳикояте,
Шарҳи ҷамоли ҳур зи рӯят ривояте.

Анфоси Исӣ аз лаби лаълат латифае,
Оби Хизир зи нӯши лабонат кинояте.

Ҳар пора аз дили ману аз ғусса қиссае,
Ҳар сатре аз хисоли ту в-аз раҳмат ояте.

Кай атрсои маҷлиси рӯҳониён шудӣ,
Гулро агар на бӯи ту кардӣ риояте?

Дар орзуи хоки дари ёр сӯхтем,
Ёд овар, эй сабо, ки накардӣ ҳимояте!

Эй дил, ба ҳарза донишу умрат ба бод рафт,
Сад моя доштию накардӣ кифояте.

Бӯи дили кабоби ман офоқро гирифт,
Ин оташи дарун бикунад ҳам сирояте?!

Дар оташ ар хаёли рухаш даст медиҳад,
Соқӣ, биё, ки нест зи дӯзах шикояте.

Донӣ муроди Ҳофиз аз ин дарду ғусса чист?
Аз ту карашмаею зи Хусрав инояте!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед