Hafez

Дидам ба хоб дӯш, ки моҳе баромадӣ

Ғазали 439

Дидам ба хоб дӯш, ки моҳе баромадӣ,
К-аз акси рӯи ӯ шаби ҳиҷрон сар омадӣ.

Таъбир рафт, ёри сафаркарда мерасад,
Эй коҷ, ҳар чӣ зудтар аз дар даромадӣ.

Зикраш ба хайр, соқии фархундафоли ман,
К-аз дар мудом бо қадаҳу соғар омадӣ.

Хуш будӣ, ар ба хоб бидидӣ диёри хеш,
То ёди суҳбаташ суйи мо раҳбар омадӣ.

Файзи азал бо зӯри зар ар омадӣ ба даст,
Оби Хизир насибаи Искандар омадӣ.

Он аҳд ёд бод, ки аз бому дар маро
Ҳар дам паёми ёру хати дилбар омадӣ.

Кай ёфтӣ рақиби ту чандин маҷоли зулм,
Мазлуме ар шабе ба дари довар омадӣ.

Хомони раҳнарафта чӣ донанд завқи ишқ?
Дарёдиле биҷӯй, далере, саромаде.

Он к-ӯ туро ба сангдилӣ кард раҳнамун,
Эй кошкӣ, ки пош ба санге баромадӣ.

Гар дигаре ба шеваи Ҳофиз задӣ рақам,
Мақбули табъи шоҳи ҳунарпарвар омадӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед