Hafez

Шаҳрест пурзарифон в-аз ҳар тараф нигоре

Ғазали 444

Шаҳрест пурзарифон в-аз ҳар тараф нигоре,
Ёрон, салои ишқ аст, гар мекунед коре.

Чашми фалак набинад з-ин турфатар ҷавоне,
Дар дасти кас наяфтад з-ин хубтар шикоре.

Ҷисме кӣ дида бошад, к-аз рӯҳаш офариданд?
З-ин хокиён мабодо бар доманаш ғуборе!

Чун ман шикастаеро аз пеши худ чӣ ронӣ,
К-ам ғояти таваққуъ бӯсест ё каноре.

Май беғаш аст, биштоб, вақте хуш аст, дарёб,
Соли дигар кӣ дорад уммеди навбаҳоре?

Дар бӯстон ҳарифон монанди лолаву гул,
Ҳар як гирифта ҷоме ба ёди рӯи ёре.

Чун ин гиреҳ кушоям в-ин роз чун намоям?
Дардею сахт дарде, корею саъб коре!

Ҳар тори мӯйи Ҳофиз дар дасти зулфи шӯхе,
Мушкил тавон нишастан дар инчунин диёре.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед