Hafez

Сабо, ту накҳати он зулфи мушкбӯ дорӣ

Ғазали 446

Сабо, ту накҳати он зулфи мушкбӯ дорӣ,
Ба ёдгор бимонӣ, ки бӯи ӯ дорӣ.

Дилам, ки гавҳари асрори ҳусну ишқ дар ӯст,
Тавон ба дасти ту додан, гараш накӯ дорӣ.

Дар он шамоили матбӯъ ҳеч натвон гуфт,
Ҷуз ин қадар, ки рақибони тундхӯ дорӣ.

Навои булбулат, эй гул, куҷо писанд афтад,
Ки гӯши ҳуш ба мурғони ҳарзагӯ дорӣ.

Ба ҷуръаи ту сарам маст гашт, нӯшат бод,
Худ аз кадом хум аст, ин ки дар сабӯ дорӣ?

Ба саркашии худ, эй сарви ҷӯйбор, маноз,
Ки гар бад-ӯ расӣ, аз шарм сар фурӯ дорӣ.

Дам аз мамолики хубӣ чу офтоб задан
Туро расад, ки ғуломони моҳрӯ дорӣ!

Қабои ҳуснфурӯшӣ туро барозаду бас,
Ки ҳамчу гул ҳама ойини рангу бӯ дорӣ.

Зи кунҷи савмаа, Ҳофиз, маҷӯй гавҳари ишқ,
Қадам бурун неҳ, агар майли ҷустуҷӯ дорӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед