Hafez

Биё, бо мо маварз ин кинадорӣ

Ғазали 447

Биё, бо мо маварз ин кинадорӣ,
Ки ҳаққи суҳбати дерина дорӣ.

Насиҳат гӯш кун, к-ин дур басе беҳ
Аз он гавҳар, ки дар ганҷина дорӣ.

Валекин кай намоӣ рух ба риндон,
Ту, к-аз хуршеду маҳ оина дорӣ.

Бади риндон магӯ, эй шайху ҳуш дор,
Ки бо ҳукми худойӣ кина дорӣ.

Ба фарёди хумори муфлисон рас,
Худоро, гар майи дӯшина дорӣ.

Надидам хуштар аз шеъри ту, Ҳофиз,
Ба Қуръоне, ки андар сина дорӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед