Hafez

Эй дил, он дам, ки хароб аз маи гулгун бошӣ

Ғазали 458

Эй дил, он дам, ки хароб аз маи гулгун бошӣ,
Бе зару ганҷ ба сад ҳашмати Қорун бошӣ.

Дар мақоме, ки садорат ба фақирон бахшанд,
Чашм дорам, ки ба ҷоҳ аз ҳама афзун бошӣ.

Дар раҳи манзили Лайлӣ, ки хатарҳост дар он,
Шарти аввалқадам он аст, ки Маҷнун бошӣ.

Нуқтаи ишқ намудам ба ту, ҳон, саҳв макун,
В-арна, чун бингарӣ, аз доира берун бошӣ.

Корвон рафту ту дар хобу биёбон дар пеш,
Кай равӣ, раҳ зи кӣ пурсӣ,чӣ кунӣ, чун бошӣ?

Тоҷи шоҳӣ талабӣ, гавҳари зотӣ бинамой,
В-ар худ аз гавҳари Ҷамшеду Фаридун бошӣ.

Соғаре нӯш куну ҷуръа бар афлок фишон,
Чанду чанд аз ғами айём ҷигархун бошӣ?

Ҳофиз, аз фақр макун нола, ки гар шеър ин аст,
Ҳеч хушдил написандад, ки ту маҳзун бошӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед