Hafez

Катабту қиссата шавқӣ ва мадмаъӣ бокӣ

Ғазали 461

Катабту қиссата шавқӣ ва мадмаъӣ бокӣ,
Биё, ки бе ту ба ҷон омадам зи ғамнокӣ.

Басо, ки гуфтаам аз шавқ бо ду дидаи хеш:
«Аё манозила Салмо, фа айна салмокӣ?»

Аҷиб воқеъаею ғариб ҳодисае,
Ана-стабарту қатилан ва қотилӣ шокӣ.

Киро расад, ки кунад айби домани покат,
Ки ҳамчу қатра, ки бар барги гул чакад поке?

Зи хоки пойи ту дод оби рӯй лолаву гул,
Чу килки сунъ рақам зад ба обию хокӣ.

Сабо абирфишон гашт, соқиё, бархез,
Ва ҳоти шамсата кармин мутаййибин зокӣ.

Даъи-т-такосула тағнам, фа қад ҷаро масалун,
Ки зоди роҳравон чустӣ асту чолокӣ.

Асар намонд зи ман бе шамоилат, оре,
Аро маосира маҳёя мин муҳайёкӣ.

Зи васфи ҳусни ту Ҳофиз чӣ гуна нутқ занад?
Ки чун сафои илоҳӣ варои идрокӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед