Hafez

Саломуллоҳи мо карра-л-лаёлӣ

Ғазали 463

Саломуллоҳи мо карра-л-лаёлӣ,
Ва ҷовабти-л-масонӣ ва-л-масолӣ.

Ало водӣ-л-Ароки-в ман алайҳо,
Ва доран би-л-Ливо фавқа-р-римолӣ.

Дуогӯйи ғарибони ҷаҳонам,
Ва адъу би-т-тавотур ва-т-таволӣ.

Ба ҳар манзил, ки рӯ орад, Худоро,
Нигаҳ дораш ба лутфи лоязолӣ!

Манол, эй дил, ки дар занҷири зулфаш
Ҳама ҷамъийят аст ошуфтаҳолӣ!

Зи хаттат сад ҷамоли дигар афзуд,
Ки умрат бод сад соли ҷалолӣ!

Ту мебояд, ки бошӣ, в-арна, саҳл аст
Зиёни мояи ҷоҳию молӣ.

Бар он наққоши қудрат офарин бод,
Ки гирди маҳ кашад хатти ҳилолӣ!

Фа ҳуббук роҳатӣ фӣ кулли ҳинин,
Ва зикрук мӯнисӣ фӣ кулли ҳолӣ!

Сувайдои дили ман то қиёмат
Мабод аз ишқу савдои ту холӣ!

Куҷо ёбам висоли чун ту шоҳе
Мани бадноми ринди лоуболӣ?!

Худо донад, ки Ҳофизро ғараз чист,
Ва илмуллоҳи ҳасбӣ мин суолӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед