Hafez

Ин хирқа, ки ман дорам, дар раҳни шароб авло

Ғазали 466

Ин хирқа, ки ман дорам, дар раҳни шароб авло
В-ин дафтари бемаънӣ ғарқи майи ноб авло.

Чун умр табаҳ кардам, чандон ки нигаҳ кардам,
Дар кунҷи хароботе афтода хароб авло.

Чун маслиҳатандешӣ дур аст зи дарвешӣ,
Ҳам сина пуроташ беҳ, ҳам дида пуроб авло.

Ман ҳолати зоҳидро бо халқ нахоҳам гуфт,
Ин қисса агар гӯям, бо чангу рубоб авло.

То бесарупо бошад авзоъи фалак з-ин даст,
Дар сар ҳаваси соқӣ, дар даст шароб авло.

Аз ҳамчу ту дилдоре дил барнаканам, оре,
Чун тоб кашам, боре з-он зулфи батоб, авло.

Чун пир шудӣ. Ҳофиз, аз майкада берун шав,
Риндию ҳаваснокӣ дар аҳди шабоб авло.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед