Hafez

Кӣ барад ба назди шоҳон зи мани гадо паёме

Ғазали 468

Кӣ барад ба назди шоҳон зи мани гадо паёме,
Ки ба кӯйи майфурӯшон ду ҳазор Ҷам ба ҷоме!

Шудаам харобу бадному ҳанӯз умедворам,
Ки ба ҳиммати азизон бирасам ба некномӣ.

Ту ки кимиёфурушӣ, назаре ба қалби мо кун,
Ки бизоате надорему фигандаем доме.

Аҷаб аз вафои ҷонон, ки инояте нафармуд
На ба номае паёме, на ба хомае саломе.

Агар ин шароби хом аст, агар он ҳарифи пухта,
Ба ҳазор бор беҳтар зи ҳазор пухта хоме.

Зи раҳам маяфкан, эй шайх, ба донаҳои тасбеҳ,
Ки чу мурғ зирак афтад, нафитад ба ҳеч доме.

Сари хидмати ту дорам, бихарам ба лутфу мафрӯш,
Ки чу банда камтар афтад ба муборакӣ ғуломе.

Ба куҷо барам шикоят, ба кӣ гӯям ин ҳикоят?
Ки лабат ҳаёти мо буду надоштӣ давоме?

Бигушой тири мижгону бирез хуни Ҳофиз,
Ки чунин кушандаеро накунад кас интиқоме.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед