Hafez

Вақтро ғанимат дон, он қадар ки битвонӣ

Ғазали 473

Вақтро ғанимат дон, он қадар ки битвонӣ,
Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, ин дам аст, то донӣ.

Комбахшии гардун умр дар иваз дорад,
Ҷаҳд кун, ки аз давлат доди айш бистонӣ!

Боғбон, чу ман з-ин ҷо бигзарам, ҳаромат бод,
Гар ба ҷойи ман сарве ғайри дӯст биншонӣ.

Зоҳиди пушаймонро завқи бода хоҳад кушт,
Оқило, макун коре, к-оварад пушаймонӣ.

Муҳтасиб намедонад ин қадар, ки сӯфиро
Ҷинси хонагӣ бошад ҳамчу лаъли руммонӣ.

Бо дуои шабхезон, зй шакардаҳон, мастез
Дар паноҳи як исм аст хотами сулаймонӣ.

Панди ошиқон бишнав в-аз дари тараб боз о,
К-ин ҳама намеарзад шуғли олами фонӣ.

Юсуфи азизам рафт, зй бародарон, раҳме,
К-аз ғамаш аҷаб бинам ҳоли пири канъонӣ!

Пеши зоҳид аз риндӣ дам мазан, ки натвон гуфт
Бо табиби номаҳрам ҳоли дарди пинҳонӣ.

Меравию мижгонат хуни халқ мерезад,
Тез меравӣ, ҷоно, тарсамат, фурӯ монӣ.

Дил зи новаки чашмат гӯш доштам, лекин
Абруи камондорат мебарад ба пешонӣ.

Ҷамъ кун ба эҳсоне Ҳофизи парешонро,
Эй шиканҷи гесӯят маҷмаъи парешонӣ.

Гар ту фориғӣ аз мо, эй нигори сангиндил,
Ҳоли худ бихоҳам гуфт пеши Осафи сонӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед