Hafez

Эй ки дар куштани мо ҳеч мудоро накунӣ

Ғазали 480

Эй ки дар куштани мо ҳеч мудоро накунӣ.
Суду сармоя бисӯзию муҳобо накунӣ.

Дардмандони бало заҳри ҳалоҳил доранд.
Қасди ин қавм хато бошад, ҳон, то накунӣ.

Ранҷи моро, ки тавон бурд ба як гӯшаи чашм,
Шарти инсоф набошад, ки мудово накунӣ.

Дидаи мо чу ба уммеди ту дарёст, чаро
Ба тафарруҷ гузаре бар лаби дарё накунӣ?

Нақли ҳар ҷавр, ки аз ҳулқи каримат карданд,
Қавли соҳибғаразон аст, ту онҳо накунӣ.

Бар ту гар ҷилва кунад шоҳиди мо, эй зоҳид,
Аз Худо ҷуз маю маъшуқ таманно накунӣ!

Ҳофизо, саҷда ба абрӯи чу меҳробаш бар,
Ки дуое зи сари сидқ ҷуз он ҷо накунӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед