Hafez

Ту магар бар лаби обе ба ҳавас биншинӣ

Ғазали 484

Ту магар бар лаби обе ба ҳавас биншинӣ
В-арна, ҳар фитна, ки бинӣ, ҳама аз худ бинӣ.

Ба Худое, ки туӣ бандаи бигзидаи ӯ,
Ки бар ин чокари дерина касе нагзинӣ.

Гар амонат ба саломат бибарам, боке нест,
Бедилӣ саҳл бувад, гар набувад бединӣ.

Адабу шарм туро хусрави маҳрӯён кард,
Офарин бар ту, ки шоистаи сад чандинӣ!

Аҷаб аз лутфи ту, эй гул, ки нишастӣ бо хор,
Зоҳиран маслиҳати вақт дар он мебинӣ.

Сабр бар ҷаври рақибат чӣ кунам, гар накунам,
Ошиқонро набувад чора ба ҷуз мискинӣ.

Боди субҳе ба ҳавоят зи гулистон бархост,
Ки ту хуштар зи гулу тозатар аз насринӣ.

Шишабозии сиришкам нигарӣ аз чапу рост,
Гар бар ин манзари биниш нафасе биншинӣ.

Сухане беғараз аз бандаи мухлис бишунав,
Эй ки манзури бузургони ҳақиқатбинӣ!

Нозанине чу ту покизадилу покниҳод,
Беҳтар он аст, ки бо мардуми бад наншинӣ.

Сели ин ашки равон сабру дили Ҳофиз бурд,
Балаға-т-тоқату, ё мақлата айнӣ бинӣ.

Ту бад-ин нозукию саркашӣ, эй шамъи Чигил,
Лоиқи бандагии Хоҷа Ҷалолуддинӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед