Hafez

Эй дар рухи ту пайдо анвори подшоҳӣ

Ғазали 489

Эй дар рухи ту пайдо анвори подшоҳӣ,
Дар фикрати ту пинҳон сад ҳикмати илоҳӣ.

Килки ту, боракаллоҳ, бар мулку дин кушода
Сад чашма оби ҳайвон аз қатраи сиёҳӣ.

Бар Аҳриман натобад анвори Исми Аъзам,
Мулк они тусту хотам, фармой, ҳар чӣ хоҳӣ.

Дар ҳикмати Сулаймон ҳар кас, ки шак намояд,
Бар ақлу дониши ӯ ханданд мурғу моҳӣ.

Боз арчи гоҳ-гоҳе бар сар кунад кулоҳе,
Мурғони Қоф донанд ойини подшоҳӣ.

Теғе, ки осмонаш аз файзи худ диҳад об,
Танҳо ҷаҳон бигирад бе миннати сипоҳе.

Килки ту хуш нависад дар шаъни ёру ағёр
Таъвизи ҷонфизойӣ, афсуни умркоҳӣ.

Эй унсури ту махлуқ аз кимиёи иззат
В-эй давлати ту эмин аз васмати табоҳӣ.

Соқӣ, биёр обе аз чашмаи харобот,
То хирқаҳо бишӯем аз уҷби хонақоҳӣ.

Умрест, подшоҳо, к-аз май тиҳист ҷомам,
Инак зи банда даъвӣ в-аз муҳтасиб гувоҳӣ.

Гар партаве зи теғат бар кону маъдан афтад,
Ёқути сурхрӯро бахшанд ранги коҳӣ.

Донам, дилат бибахшад бар аҷзи шабнишинон,
Гар ҳоли банда пурсӣ аз боди субҳгоҳӣ.

Ҷое, ки барқи исён бар Одами сафӣ зад,
Моро чӣ гуна зебад даъвои бегуноҳӣ?

Ҳофиз, чу подшоҳат гаҳ-гоҳ мебарад ном,
Ранҷиш зи бахт манмо, боз о ба узрхоҳӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед