Hafez

Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ

Ғазали 492

Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ
Бад-он мардуми дидаи рӯшноӣ!

Дуруде чу нури дили порсоён
Бад-он шамъи хилватгаҳи порсоӣ!

Намебинам аз ҳамдамон ҳеч бар ҷой,
Дилам хун шуд аз ғусса, соқӣ, куҷоӣ?

Зи кӯйи муғон рух магардон, ки он ҷо
Фурӯшанд мифтоҳи мушкилкушоӣ.

Арӯси ҷаҳон гарчи дар ҳадди ҳусн аст,
Зи ҳад мебарад шеваи бевафоӣ.

Дили хастаи ман гараш ҳиммате ҳаст,
Нахоҳад зи сангиндилон мӯмиёӣ.

Майи сӯфиафган куҷо мефурӯшанд,
Ки дар тобам аз дасти зуҳди риёӣ?!

Рафиқон чунон аҳди суҳбат шикастанд,
Ки гӯйӣ набудаст худ ошноӣ.

Маро гар ту бигзорӣ, эй нафси томеъ,
Басе подшоҳӣ кунам дар гадоӣ.

Биёмӯзамат кимиёи саодат:
Зи ҳамсуҳбати бад ҷудоӣ, ҷудоӣ!

Макун, Ҳофиз, аз ҷаври даврон шикоят,
Чӣ донӣ ту, эй банда, кори худоӣ?!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед