Hafez

Эй подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ

Ғазали 493

Эй подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозоӣ!

Доим гули ин бустон шодоб намемонад,
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ.

Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: «Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ».

Сад боди сабо ин ҷо бо силсила мерақсанд,
Ин аст ҳариф, эй дил, то бод напаймоӣ.

Муштоқию маҳҷурӣ дур аз ту чунонам кард,
К-аз даст нахоҳад шуд поёби шикебоӣ.

Ё Раб, ба кӣ бояд гуфт ин нукта, ки дар олам
Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди ҳарҷоӣ?!

Соқӣ, чамани гулро бе рӯи ту ранге нест,
Шамшод хиромон кун, то боғ биёроӣ.

Эй дарди туам дармон дар бистари нокомӣ,
В-эй ёди туам мӯнис дар гӯшаи танҳоӣ.

Дар доираи қисмат мо нуқтаи паргорем,
Лутф, он чи ту андешӣ, ҳукм, он чи ту фармоӣ.

Фикри худу ройи худ дар олами риндӣ нест,
Куфр аст дар ин мазҳаб худбинию худроӣ.

З-ин доираи мино хунинҷигарам, май деҳ,
То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ.

Ҳофиз, шаби ҳиҷрон шуд, бӯи хуши васл омад,
Шодит муборак бод, эй ошиқи шайдоӣ.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед