Қасида дар мадҳи Қавомуддин Муҳаммад Соҳибъиёр

Қасидаи шумораи 2 — Дар мадҳи Қавомуддин Муҳаммад Соҳибъиёр (вазири Шоҳ Шуҷоъ)

Зи дилбарӣ натавон лоф зад ба осонӣ,
Ҳазор нукта дар ин кор ҳаст, то донӣ.

Ба ҷуз шакардаҳанӣ мояҳост хубиро,
Ба хотаме натавон зад дами сулаймонӣ.

Ҳазор салтанати дилбарӣ бад-он нарасад,
Ки дар диле ба ҳунар хешро бигунҷонӣ.

Чӣ гардҳо, ки барангехтӣ зи ҳастии ман,
Мабод хаста самандат, ки тез меронӣ.

Ба ҳамнишинии риндон саре фуруд овар,
Ки ганҷҳост дар ин бесариюсомонӣ.

Биёр бодаи рангин, ки як ҳикояти рост
Бигӯяму накунам рахна дар мусалмонӣ.

Ба хоки пойи сабӯҳикунон, ки то мани маст
Ситода бар дари майхонаам ба дарбонӣ.

Ба ҳеч зоҳиди зоҳирпараст нагзаштам,
Ки зери хирқа на зуннор дошт пинҳонӣ.

Ба номи турраи дилбанди хеш хайре кун,
Ки то Худош нигаҳ дорад аз парешонӣ.

Магир чашми иноят зи ҳоли Ҳофиз боз,
В-агарна ҳол бигӯям ба Осафи сонӣ.

Вазири шоҳнишон, хоҷаи замину замон,
Ки хуррам аст бад-ӯ ҳоли инсию ҷонӣ.

Қавоми давлату дунйӣ Муҳаммад ибни Алӣ,
Ки медурахшадаш аз чеҳра фарри яздонӣ.

Зиҳӣ ҳамидахисоле, ки гоҳи фикри савоб
Туро расад, ки кунӣ даъвии ҷаҳонбонӣ.

Тирози давлати боқӣ туро ҳамезебад,
Ки ҳимматат набарад номи олами фонӣ.

Агар на ганҷи атои ту дастгир шавад,
Хама басити замин рӯ ниҳад ба вайронӣ.

Туӣ, ки сурати ҷисми туро ҳаюлоест,
Чу ҷавҳари малакӣ дар либоси инсонӣ.

Кадом пояи таъзим насб шояд кард,
Ки дар масолики фикрат на бартар аз онӣ?!

Даруни хилвати каррубиёни олами қудс
Сарири килки ту бошад самоъи рӯҳонӣ.

Туро расад шакаровези хоҷагӣ гаҳи ҷуд,
Ки остин ба каримони олам афшонӣ.

Савоиқи сахататро чӣ гуна шарҳ диҳам,
Наузубиллаҳ аз он фитнаҳои тӯфонӣ!

Савобиқи караматро баён чӣ гуна кунам,
Таборакаллаҳ аз он корсози раббонӣ!

Кунун, ки шоҳиди гулро ба ҷилвагоҳи чаман
Ба ҷуз насими сабо нест ҳамдами ҷонӣ,

Шақоиқ аз пайи султони гул супорад боз
Ба бодбони сабо киллаҳои нуъмонӣ.

Бад-он расид зи саъйи насими боди баҳор,
Ки лоф мезанад аз рӯҳи роҳи райҳонӣ.

Саҳаргаҳам чӣ хуш омад, ки булбуле гулбонг
Ба ғунча мезаду мегуфт дар суханронӣ,

Ки тангдил чӣ нишинӣ, зи парда берун ой,
Ки дар хум аст шаробе чу лаъли руммонӣ.

Макун, ки май нахурӣ бе ҷамоли гул як моҳ,
Ки боз моҳи дигар мехурӣ пушаймонӣ.

Ба шукри туҳмати такфир, к-аз миён бархост,
Бикӯш, к-аз гулу мул доди айш бистонӣ!

Ҷафо на шеваи динпарварӣ бувад, ҳошо,
Ҳама коромату лутф аст шаръи яздонӣ.

Румузи сирри «аналҳақ» чӣ донад он ғофил,
Ки мунҷазиб нашуд аз ҷазбаҳои субҳонӣ.

Даруни пардаи гул ғунча бин, ки месозад
Зи баҳри дидаи хасми ту лаъли пайконӣ.

Тарабсарои вазир аст, соқиё, магузор,
Ки ғайри ҷоми май он ҷо кунад гаронҷонӣ.

Ту будӣ он дами субҳи умед, к-аз сари меҳр
Баромадию сар омад шабони зулмонӣ.

Шунидаам, ки зи ман ёд макунӣ гаҳ-гаҳ,
Вале ба маҷлиси хоси худат намехонӣ.

Талаб намекунӣ аз ман сухан, ҷафо ин аст,
В-агарна, бо ту чӣ баҳс аст дар сухандонӣ?!

Зи ҳофизони ҷаҳон кас чу банда ҷамъ накард
Латоифи ҳикамӣ бо нукоти қуръонӣ.

Ҳазор сол бақо бахшадат мадоиҳи ман,
Чунин нафис матоъе ба чун ту арзонӣ!

Сухан дароз кашидам, вале умедам ҳаст,
Ки зайли афв бад-ин моҷаро бипӯшонӣ.

Ҳамеша то ба баҳорон ҳаво ба сафҳаи боғ
Ҳазор нақш нигорад зи хатти райҳонӣ,

Ба боғи мулк зи шохи амал ба умри дароз
Шукуфта бод гули давлатат ба осонӣ!

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *