Қитъа: «Додгаро, туро фалак ҷуръакаши пиёла бод!»

Қитъаи шумораи 9

Додгаро, туро фалак ҷуръакаши пиёла бод!
Душмани дилсиёҳи ту ғарқа ба хун чу лола бод!

Зурваи кохи рутбатат рост зи фарти иртифоъ,
Роҳравони ваҳмро роҳи ҳазорсола бод!

Эй маҳи чархмаъдилат, чашму чароғи оламӣ,
Бодаи соф доимат дар қадаҳу пиёла бод!

Чун ба ҳавои мидҳатат Зуҳра шавад таронасоз,
Ҳосидат аз самоъи он маҳрами оҳу нола бод!

Нуҳ табақи сипеҳру он қурсаи моҳу хур, ки ҳаст,
Бар лаби хони қисматат саҳлтарин навола бод!

Духтари фикри бикри ман маҳрами мидҳати ту шуд,
Маҳри чунон арӯсро ҳам ба кафат ҳавола бод!

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *