Қитъа: «Ба самъи хоҷа расон, эй рафиқи вақтшинос»

Қитъаи шумораи 11

Ба самъи хоҷа расон, эй рафиқи вақтшинос,
Ба хилвате, ки дар ӯ аҷнабӣ сабо бошад,

Латифае ба миён ору хуш бихандонаш,
Ба нуктае, ки дилашро дар он ризо бошад.

Пас он гаҳаш зи карам ин қадар ба лутф бипурс,
Ки гар вазифа тақозо кунам, раво бошад.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *