Қитъа: «Шаммае аз достони ишқи шӯрангези мост»

Қитъаи шумораи 12

Шаммае аз достони ишқи шӯрангези мост,
Он ҳикоятҳо, ки аз Фарҳоду Ширин кардаанд.

Ҳеч мижгони дарозу ишваи ҷоду накард,
Он чи он зулфи дарозу холи мушкин кардаанд.

Соқиё, май деҳ, ки бо ҳукми азал тадбир нест,
Қобили тағйир набвад, он чи таъйин кардаанд.

Дар сафолин косаи риндон ба хорӣ мангаред,
К-ин ҳарифон хидмати ҷоми ҷаҳонбин кардаанд.

Накҳати ҷонбахш дорад хоки кӯйи дилбарон,
Орифон он ҷо машоми ақл мушкин кардаанд.

Соқиё, девонае чун ман куҷо дар бар кашад
Духтари разро, ки нақди ақл кобин кардаанд?

Хокиён бебаҳраанд аз ҷуръаи каъсулкиром,
Ин татовул бин, ки бо ушшоқи мискин кардаанд.

Шаҳпари зоғу заған зебои сайду қайд нест,
Ин каромат ҳамраҳи шаҳбозу шоҳин кардаанд.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *