Қитъа: «Аъзам қавоми давлату дин, он ки бар дараш»

Қитъаи шумораи 13

Аъзам қавоми давлату дин, он ки бар дараш
Аз баҳри хокбӯс намудӣ фалак суҷуд,

Бо он вуҷуду он азамат зери хок рафт,
Дар нисфи моҳи зиқаъд аз арсаи вуҷуд.

То кас умеди ҷуд надорад дигар зи кас,
Омад ҳуруфи соли вафоташ: «Умеди ҷуд».

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *