Қитъа: «Дил манеҳ бар дунию асбоби ӯ»

Қитъаи шумораи 14

Дил манеҳ бар дунию асбоби ӯ,
З-он ки аз вай кас вафодорӣ надид.

Кас асал бе неш аз ин дуккон нахӯрд,
Кас рутаб бе хор аз ин бустон начид.

Ҳар ба айёме чароғе барфурӯхт,
Чун тамом афрӯхт, бодаш дардамид.

Бе такаллуф ҳар кӣ дил бар вай ниҳод,
Чун бидидӣ, хасми худ мепарварид.

Шоҳи ғозӣ, хусрави гетиситон,
Он ки аз шамшери ӯ хун мечакид,

Гаҳ ба як ҳамла сипоҳе мешикаст,
Гаҳ ба ҳуе қалбгоҳе медарид.

Аз наҳибаш панҷа меафганд шер,
Дар биёбон номи ӯ чун мешунид.

Сарваронро бесабаб мекард ҳабс,
Гарданонро бехатар сар мебурид.

Оқибат Шерозу Табрезу Ироқ,
Чун мусаххар кард, вақташ даррасид,

Он ки равшан буд ҷаҳонбинаш бад-ӯ,
Мил дар чашми ҷаҳонбинаш кашид.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *