Қитъа: «Соқиё, бода, ки иксири ҳаёт аст, биёр»

Қитъаи шумораи 33

Соқиё, бода, ки иксири ҳаёт аст, биёр,
То тани хокии ман айни бақо гардонӣ.

Чашм бар даври қадаҳ дораму ҷон бар кафи даст,
Ба сари хоҷа, ки то он надиҳӣ, настонӣ.

Ҳамчу гул бар чаман аз бод маяфшон доман,
З-он ки дар пойи ту дорам сари ҷонафшонӣ.

Бар масонию масолис бинавоз, эй мутриб,
Васфи он моҳ, ки дар ҳусн надорад сонӣ.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *