Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр

Ғазали панҷум

1. Юсуфи¹ гумгашта боз ояд ба Канъон², ғам махӯр,
Кулбаи аҳзон³ шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр.

2. Ин дили ғамдида ҳолаш беҳ шавад, дил бад макун⁴
В-ин сари шӯрида⁵ боз ояд ба сомон, ғам махӯр.

3. Гар баҳори умр⁶ бошад, боз бар тахти чаман
Чатри гул дар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр.

4. Даври гардун⁷ гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доиман яксон набошад ҳоли даврон, ғам махӯр.

5. Ҳон⁸, машав навмед, чун воқиф⁹ найӣ аз сирри ғайб,
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр.

6. Эй дил, ар сели фано¹⁰ бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯҳ¹¹ аст киштибон, зи тӯфон ғам махӯр.

7. Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон¹², ғам махӯр.

8. Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баъид¹³,
Ҳеч роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр.

9. Ҳоли мо дар фурқати¹⁴ ҷонону иброми¹⁵ рақиб¹⁶,
Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махӯр.

10. Ҳофизо, дар кунҷи фақру¹⁷ хилвати¹⁸ шабҳои тор,
То бувад вирдат¹⁹ дуову дарс Қуръон, ғам махӯр.

Вазн: Баҳри рамали мусаммани мақсур.

Қофия: Канъон, гулистон, сомон…

Радиф: ғам махӯр.

Луғат:

1. Юсуф: ишора ба Юсуф писари Яъқуб, ки бародаронаш аз рашку ҳасад ӯро аз падар ҷудо карданду ба ғуломӣ фурӯхтанд, баъд аз чандин сол падару писар ба дидори якдигар расиданд. Юсуф ин ҷо истиора аз маҳбуб аст.

2. Канъон: номи қадимии Фаластин, ки маскани Яъқуб ва зодгоҳи Юсуф буд.

3. Кулбаи аҳзон: дар луғат ба маънии хонаи ғам, ғамкада, мотамсаро, хонаест, ки Яъқуб баъд аз ҷудоӣ аз Юсуф берун аз шаҳри Канъон бино карда буд ва дар фироқи Юсуф мегирист. Ин ҷо истиора аз хонаи касест, ки дар интизори каси гумшудааш аст.

4. Дил бад кардан — киноя аз нигарону ошуфта будан.

5. Шӯрида: ошуфтаву парешон.

6. Баҳори умр: шодмонию таровати ҷавонии умр ба баҳор ташбеҳ шудааст.

7. Гардун: гардиши рӯзгор, даврон.

8. Ҳон: калимаи нидо – огоҳ бош, хабардор бош!

9. Воқиф: огоҳ, бохабар. Сирри ғайб: рози пинҳон.

10. Фано: нестӣ, нобудӣ, фано ба сели харобиовар ташбеҳ шудааст.

11. Нӯҳ: аз пайғамбарони банӣ Исроил аст, ки ба ҷуз чанд нафар аксари қавми Нӯҳ ӯро нагаравиданд. Худованд ба Нӯҳ фармон дод, ки киштӣ созад, вақте ӯ ба сохтани киштӣ машғул буд, мардуми қавмаш вайро масхара мекарданд. Нӯҳ қавмашро нафрин кард ва дуои ӯ мустаҷоб шуду аз танӯри занаш тӯфон сар зад ва тамоми замин зери об монд. Нӯҳ дар киштӣ аз тамоми ҷонварону парандагон як ҷуфтӣ ҷой дод ва онҳое, ки имон оварда буданд, ба киштӣ нишастанду халос шуданд. Ҳама қавми Нӯҳ, ки кофир шуда буданд, ҳалок гардиданд.

12. Муғелон: як растании хордор аст, ки дар биёбон мерӯяд.

13. Баъид: дур.

14. Фурқат: фироқу ҷудоӣ.

15. Ибром: ба танг овардан, малул кардан.

16. Рақиб: нигаҳбон, посбони маъшуқа, ки ошиқро аз ӯ дур мекунад, маъмулан дояи духтар ин вазифаро иҷро мекунад.

17. Фақр: дар луғат ба маънии тангдастию бечизӣ, аммо дар истилоҳи орифон ниёзмандӣ ба Худо ва бениёзӣ аз ғайри ӯст.

18. Хилват: гӯшанишинӣ, узлат.

19. Вирд: дуо, зикре, ки онро пай дар пай зери лаб такрор мекунанд.

Маънии байти 1: Эй дили ғамдида, ғам махӯр, ки Юсуфи гумгашта боз ба Канъон бармегардад ва кулбаи ғамкадаи ту ба гулистон мубаддал мешавад ва мотамхонаи туро макони шодию хурсандӣ месозад.

Маънии байти 2: Ин дили ғамдида, ҳолаш беҳтар хоҳад шуд, ғам махӯру нигарон мабош, ки рӯзе ин сари ошуфта орому осоиш меёбад.

Маънии байти 3: Эй булбули хушхон, ғам махӯр, ки дар баҳори умр дубора бар тахти чаман зери гулҳо менишинӣ ва ба висоли дӯстдоштаат хоҳӣ расид.

Маънии байти 4: Ғам махӯр, ки имрӯз гардиши рӯзгор бар муроди дили мо нест, ҳоли даврон доимо ба як минвол намемонад, рӯзе мерасад, ки мо низ ба муроду орзуҳои худ мерасем.

Маънии байти 5: Огоҳ бошу ғам махӯр ва ҳаргиз ноумед мабош, ки аз рози пинҳон огоҳ нестию намедонӣ, ки дар пушти пардаи олами ғайб чи бозиҳое ҳаст ва чӣ сарнавиште бароят навиштаанд.

Маънии байти 6: Эй дил, агар мавҷи харобиовари сели фаною нестӣ бунёди ҳастии туро нобуд созад, ғам махӯр, ки Нӯҳ киштибон аст ва туро аз тӯфон наҷот хоҳад дод. Дар ин байт байни калимаҳои «фано»-ю «ҳастӣ» тазод ва байни калимоти «Нӯҳ», «киштибон» ва «тӯфон» таносуб мавҷуд аст.

Маънии байти 7: Агар ба шавқи зиёрати Каъба қадам ба биёбон ниҳодаӣ ва хори муғелон пойи туро озор медиҳад, ғам махӯр. Яъне, ба мақсад бе ранҷ намерасанд, захми хори биёбон меравад, аммо ту ба мақсади пешгузоштаат мерасӣ.

Маънии байти 8: Ҳарчанд роҳу манзилгаҳи корвон душвору пурхатару мақсад бисёр дур аст, ғам махӯр, бидон, ки ҳеч роҳе нест, ки ба охир нарасад, ҳама гуна роҳ оғозу анҷом дорад, агар дар роҳ бошӣ, рӯзе ба манзил хоҳӣ расид.

Маънии байти 9: Ғам махӯр, Худованд аз аҳволи мо, ки аз маҳбубаи хеш дурему аз рақиб озор мебинем, огоҳ асту рӯзе ба доди мо хоҳад расид.

Маънии байти 10: Беғам бош, Ҳофиз, то вақте ки дар кунҷи фақру қаноат ва узлати шабҳои торик вирду зикри ту дуову дарси Қуръон аст, ба мақсуди дил хоҳӣ расид.

Хулоса, Ҳофиз аз нобасомониҳо ва бетартибию бенизомиҳои замон сахт дилгир гардидааст, аммо ба ояндаи нек бовар дорад ва уммед медиҳад, ки рӯзе замони ҷабру зулм мегузараду оромию осудагӣ ва хуррамию шодмонӣ фаро мерасад, зеро дунё ба як маром намеистад, он ҳатман дигар мешавад ва ба ҷойи ғаму кулфат шодию сурур меояд. Ҳоли моро Худо медонад ва ӯ ғами моро хоҳад хӯрд. Дар ин роҳ мададгори мо Қуръон аст!


Сарчашма: Шарҳи бист ғазали Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ / Ба кӯшиши Ш. Р. Исрофилниё. – Душанбе: «Пайванд», 2016.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *