Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд

Ғазали шашум

1. Воизон¹, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд²,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

2. Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис³ бозпурс,
Тавбафармоён⁴ чаро худ тавба камтар мекунанд?

3. Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ⁵,
К-ин ҳама қалбу⁶ дағал⁷ дар кори Довар⁸ мекунанд.

4. Ё Раб⁹, ин навдавлатонро¹⁰ бар хари худшон нишон,
К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар¹¹ мекунанд.

5. Эй гадои хонақаҳ¹², барҷаҳ, ки дар дайри муғон¹³
Медиҳанд обею дилҳоро тавонгар мекунанд.

6. Ҳусни бепоёни ӯ чандон ки ошиқ мекушад,
Зумраи¹⁴ дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.

7. Бар дари майхонаи ишқ¹⁵ эй малак, тасбеҳ гӯй¹⁶,
К-андар он ҷо тинати одам мухаммар¹⁷ мекунанд.

8. Субҳдам аз арш¹⁸ меомад хурӯше, ақл гуфт:
Қудсиён¹⁹ гӯйӣ, ки шеъри Ҳофиз азбар мекунанд.

Вазн: Баҳри рамали мусаммани мақсур.

Қофия: минбар, дигар, камтар, довар, астар, тавонгар…

Радиф: мекунанд.

Луғат:

1. Воиз: амри маъруфкунанда, дар шеъри Ҳофиз воиз монанди зоҳиду обид образи манфӣ аст, зеро риёкоранду ба гуфтаи худ амал намекунанд.

2. Ҷилва кардан — худнамоӣ кардан.

3. Донишманди маҷлис: ин ҷо мурод фақеҳ, донишманди илми шариат аст, ки дар маҷлиси ваъз ҳозир аст.

4. Тавбафармоён: онҳое, ки мардумро насиҳат мекунанд, то тавба кунанд, ҳамон воизи риёкор.

5. Рӯзи доварӣ: рӯзи растохез, рӯзи маҳшар, ки гуноҳу савоби кас пурсида мешавад.

6. Қалб: дурӯғ, нодурустӣ.

7. Дағал: норостӣ.

8. Довар: Офаридгор, Худованд.

9. Ё Раб: Эй Худо.

10. Навдавлатон: онҳо, ки нав ба мансабу расидаанду сарватманд шудаанд.

11. Астар: маркаби саворӣ, монанди хачир, хар ё асп.

12. Гадои хонақаҳ: сӯфии фақири хонақоҳ, хонақоҳ — ҷойи ҷамъшавии сӯфиёни тариқат, ки монанди масҷид макони тоату ибодат ҳам ҳаст.

13. Дайри муғон: дар луғат ба маънии ибодатгоҳи зардуштиён, аммо ин ҷо ба маънии ирфонӣ ба кор рафта, киноя аз маконест, ки соликони тариқат бо Худо роз мегӯянд.

14. Зумра: гурӯҳе.

15. Майхонаи ишқ: дар луғат ба маънии шаробхона, аммо ин ҷо истиора аз олами лоҳут, олами рӯҳонӣ аст, ки дар он ҷо қолаби Одам сиришта шудааст.

16. Тасбеҳ гуфтан — Худоро ба покӣ ёд кардан, ҳамд гуфтан.

17. Мухаммар: сиришта, хамирмоя.

18. Арш: осмон, олами боло.

19. Қудсиён: покони олами боло, фариштагон.

Маънии байти 1: Воизони насиҳатгари риёкор, ки дар меҳроби масҷид амри маъруф мекунанду худро порсову тақводор нишон медиҳанд, ҳамин ки ба хилват рафтанду аз чашми мардум дур шуданд, ба корҳои хилофи шариат машғул мешаванд. Яъне, дар сухан як гап мегӯянду дар амал хилофи он рафтор мекунанд.

Маънии байти 2: Масъалаи душворе дорам, ҳалли онро аз донишманди илми шариат бипурс. Масъалае, ки дар ҳалли он оҷизам ин аст, ки чаро инҳо (воизони насиҳатгари тавбафармо), ки ҳамаро ба тавба ва бозгашт ба даргоҳи Ҳақ фармон медиҳанд, худашон аз корҳои носавоб тавба намекунанд.

Маънии байти 3: Гумон мекунам, ин насиҳатгарони сари минбар ба рӯзи ҷазо, рӯзи маҳшар бовар намекунанд, ки ин ҳама нодурустию норостӣ дар кори Худованди додгар меварзанд.

Маънии байти 4: Худоё, ин навбамансабрасидагонро, ки бо саворию ғулому хидматгорашон нозу ҷилва мефурӯшанд, ба ҳамон ҳоли пештараашон, ки харсавор буданд, баргардон, то ҳадди хеш бишносанду такаббур накунанд.

Маънии байти 5: Эй сӯфии фақири хонақоҳ, бархез, ки дар манзилгаҳи ошиқони Ҳақ (дайри муғон) аз шароби ишқ дилҳоро сероб ва бениёз месозанд.

Маънии байти 6: Ҳарчанд ҷамоли азалию абадии маъшуқи ҷовидонӣ ошиқонро ба теғи ноз мекушад, боз гурӯҳи дигаре барои меҳрварзию ҷонбозӣ аз паси пардаи ғайб рух менамоянд.

Маънии байти 7: Эй фаришта, бар дари майкадаи маърифати муҳаббат Худоро ба покӣ ёд кун, ки дар ин ҷойгоҳи муқаддас сиришти одамизодро бо бодаи ишқ сиришта месозанд.

Ҳофиз дар ин байт ишора ба он дорад, ки дар сиришти инсон ишқ аст, аммо фариштагон аз он бебаҳраанд ва аз ҳамин сабаб одам дар назди Худованд аз фариштагон ҳам бартарӣ дораду ашрафи махлуқот аст.

Маънии байти 8: Бомдод садои баланд аз тахтгоҳи осмон таинандоз шуд ва хирад шуниду гуфт: Ҳамоно ин садои овози покони олами болост, ки шеъри Ҳофизро ба такрор мехонанду ҳифз мекунанд.


Сарчашма: Шарҳи бист ғазали Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ / Ба кӯшиши Ш. Р. Исрофилниё. – Душанбе: «Пайванд», 2016.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *