Биё то гул барафшонему май дар соғар андозем

Ғазали ҳаштум

1. Биё то гул барафшонему май дар соғар¹ андозем,
Фалакро² сақф бишкофему тарҳе³ нав дарандозем.

2. Агар ғам лашкар ангезад⁴, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам тозему бунёдаш барандозем⁵.

3. Шароби арғавониро⁶ гулоб андар қадаҳ резем⁷,
Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем⁸.

4. Чу дар даст ҳаст руде⁹ хуш, бизан мутриб суруде хуш,
Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем¹⁰.

5. Сабо¹¹ хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб¹² андоз,
Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар¹³ андозем.

6. Яке аз ақл мелофад, яке томот¹⁴ мебофад,
Биё, к-ин довариҳоро¹⁵ ба пеши довар¹⁶ андозем.

7. Биҳишти адн¹⁷ агар хоҳӣ, биё бо мо ба майхона¹⁸,
Ки аз пойи хумат¹⁹ рӯзе ба ҳавзи Кавсар²⁰ андозем.

8. Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.

Вазн: Баҳри ҳазаҷи мусаммани солим.

Қофия: соғар, дар, бар, миҷмар…

Радиф: андозем.

Луғат:

1. Соғар: қадаҳ, пиёла барои шаробнӯшӣ.

2. Фалак: сипеҳр, гардун, осмон.

3. Тарҳ: нақш, шолуда.

4. Лашкар ангезад: лашкар кашад, оварад.

5. Барандохтан: баркандан, нобуд кардан.

6. Арғавонӣ: сурхранг.

7. Гулоб дар қадаҳ резем: барои хӯшбӯй шудан гоҳе дар шароб гулоб ва гоҳе мушк мерехтанд, ин расм аз таҷаммулҳои базм будааст.

8. Миҷмар: оташдон, манқал, зарфест, ки дар он ангишт шукуфонида, уд, сипанд ва монанди ин хушбӯиҳоро дуд карда, давр мезанонанд, ҳангоми уд сӯхтан шакар бар оташ мерезанд, то удро ба хубӣ бисӯзонад, ин расм низ аз таҷаммулҳои базми шаробнӯшӣ будааст.

9. Рӯд: асбоби мусиқӣ, ки онро барбат ҳам мегӯянд.

10. Покӯбон сар андозем: киноя аз рақскунон, самои орифон дар назар аст.

11. Сабо: бодест, ки дар фасли баҳор, субҳгоҳон ҳангоми тулӯи офтоб аз машриқ мевазад, насими хушест, ки бо вазидани он гулҳо мешукуфанд ва ошиқон бо ӯ роз мегӯянд, дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ, алалхусус, дар ашъори Ҳофиз сабо паёмбари ошиқон аст ва танҳо ӯ ба кӯйи маъшуқа роҳ дорад, аз ин рӯ паёму номаи ошиқонро ба маъшуқа мерасонад.

12. Олиҷаноб: баландмақом, даргоҳи олӣ, Ҳофиз маҳбубаро ба шоҳе монанд кардааст, ки даргоҳи баланд дорад.

13. Манзар: мадди назар, назаргоҳ, чеҳра, рӯй.

14. Томот: даъвоҳои беасоси фиребанда, дурӯғгӯйиҳои бедалели баъзе сӯфиён.

15. Довариҳо: қазоватҳо, муҳокимаи даъвоҳо.

16. Довар: қозӣ, ин ҷо истиора аз Худованд, ки худ қозии ҳама неку бад аст.

17. Адн: аз номҳо ва сифатҳои биҳишт аст, ки дар луғат ба маънии ҷовидон, абадӣ омадааст.

18. Майхона: дар луғат ба маънии шаробхона, аммо ин ҷо истиора аз хонаи пиру муршид ва ҷоест, ки ошиқон ба маъшуқ роз мегӯянд.

19. Хум: дар луғат ба маънии кӯзаи сафолини бузурги шароб, истиора аз дили ориф аст, ки аз бодаи ишқ лабрез аст.

20. Кавсар: чашмае дар биҳишт.

Маънии байти 1: Биё, то гулафшонӣ кунему шароб дар ҷом бирезем ва сақфи ин чархи каҷрафторро бишкофему тарҳи дигаре бино кунем (то ҳар ошиқе ба осонӣ ба коми дил бирасад).

Ин маъниро пеш аз Ҳофиз Хайём дар як рубоӣ баён кардааст:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
Аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Маънии байти 2: Агар ғаму андӯҳ барои рехтани хуни дили мо, ошиқон қасди лашкаркашӣ дошта бошад, ману соқӣ бо ҳам муттаҳид мешавему бунёди ғамро аз беху бун бармеканем.

Маънии байти 3: Дар ҷоми шароби сурхранг гулоб бирезем, то хӯшбӯй шавад ва дар миҷмари насими атргардон шакар биафшонем, то маҷлиси моро муаттар гардонад.

Маънии байти 4: Эй мутриб, ҳоло ки дар даст рӯди хушовозе дорӣ, пас, бинавозу таронаи дилписанде бихон, то дастафшон ғазал бихонему рақскунон сарандозӣ кунем.

Маънии байти 5: Эй сабо, ки пайки ошиқонӣ, хоки вуҷуди моро баъд аз марг ба боргоҳи баланди он маъшуқи олимақом биандоз, то шояд битавонем ба чеҳраи зебои он шоҳи хубон назаре андозем.

Маънии байти 6: Яке аз ақлу камоли худ сухан мегӯяд, дигаре муддаии маърифати Ҳақ асту дурӯғ мегӯяду томот мебофад, биё, ин ҳама қазоватҳо ва иддиоҳоро назди қозии олам- Худованди мутаол бибарем.

Маънии байти 7: Агар хоҳони биҳишти ҷовидон ҳастӣ, бо мо ба майхонаи маърифат, ки маҳфили риндони соҳибдил ва ошиқони воқеист, биё, то рӯзе туро аз пойи хуми шароб (яъне, он вақт, ки соҳиби дили оинасон мегардӣ ва аз маърифати ишқ баҳравар мешавӣ) ба дохили ҳавзи Кавсар биандозем.

Маънии байти 8: Эй Ҳофиз, биё, ба мамлакати дигар сафар кунем, зеро дар Шероз касе ба қадри сухану суханварӣ ва шеъру овози хуш намерасад.

Ҳофизи озодихоҳу озодандеш аз зулму ситами замона ба ҷон омада, исён мекунад ва азми он дорад, ки фалакро аз миён бардораду ҷаҳонро ба шакли дигаре биорояд, ки ҳама ба муроди дил бирасанд.


Сарчашма: Шарҳи бист ғазали Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ / Ба кӯшиши Ш. Р. Исрофилниё. – Душанбе: «Пайванд», 2016.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *