Маҳи ман, ба ҷилвагоҳе, ки туро шунудам он ҷо

Ғазали шумораи 1

Маҳи ман, ба ҷилвагоҳе, ки туро шунудам он ҷо,
Ҷигарам зи ғусса хун шуд, ки чаро набудам он ҷо?

Гаҳи саҷда хоки роҳат ба сиришк мекунам гил,
Ғараз он, ки дер монад асари суҷудам он ҷо.

Ману хоки остонат, ки ҳамеша сурхрӯям,
Ба ҳамин қадар, ки рӯзе рухи зард судам он ҷо.

Ба тавофи кӯят оям ҳама шаб ба ёди рӯзе,
Ки ниёзмандии худ ба ту менамудам он ҷо.

Пас аз ин ҷафои хубон зи касе вафо наҷӯям,
Ки дигар касе намонда, ки наёзмудам он ҷо.

Ба сари раҳаш, Ҳилолӣ, зи ҳалоки ман киро ғам?
Чу тафовуте надорад адаму вуҷудам он ҷо.

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *