Саъй кардам, ки шавад ёр зи ағёр ҷудо

Ғазали шумораи 2

Саъй кардам, ки шавад ёр зи ағёр ҷудо,
Он нашуд оқибату ман шудам аз ёр ҷудо.

Аз ман имрӯз ҷудо мешавад он ёри азиз,
Ҳамчу ҷоне ки шавад аз тани бемор ҷудо.

Гар ҷудо монам аз ӯ, хуни маро хоҳад рехт
Дили хунгашта ҷудо, дидаи хунбор ҷудо.

Зери девори сароят тани коҳидаи ман
Ҳамчу коҳест, ки афтода зи девор ҷудо.

Ман ки як бор ба васли ту расидам ҳама умр,
Кай тавонам, ки шавам аз ту ба якбор ҷудо?

Дӯстон, қимати суҳбат бишиносед, ки чарх
Дӯстонро зи ҳам андохта бисёр ҷудо.

Ғайр аз он маҳ, ки Ҳилолӣ ба висолаш нарасид,
Мо дар ин боғ надидем гул аз хор ҷудо.

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *