Эй нури Худо дар назар аз рӯйи ту моро

Ғазали шумораи 3

Эй нури Худо дар назар аз рӯйи ту моро,
Бигзор, ки дар рӯйи ту бинем Худоро.

То накҳати ҷонбахши ту ҳамроҳи сабо шуд,
Хосийяти Исост дами боди саборо.

Ҳарчанд ки дар роҳи ту хубон ҳама хоканд,
Ҳайф аст, ки бар хок ниҳӣ он кафи поро.

Пеши ту дуо гуфтаму дашном шунидам,
Ҳаргиз асаре беҳтар аз ин нест дуоро.

Мехостам, осуда ба кунҷе бинишинам,
Болои ту ногоҳ барангехт балоро.

Он рӯз, ки таълими ту мекард муаллим,
Бар лавҳи ту нанвишт магар ҳарфи вафоро?

Гар ёр кунад майли Ҳилолӣ, аҷабе нест,
Шоҳон, чӣ аҷаб, гар бинавозанд гадоро?

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *