Ба чашми лутф агар бинӣ гирифторони расворо

Ғазали шумораи 4

Ба чашми лутф агар бинӣ гирифторони расворо,
Ба мо ҳам гӯшаи чашме, ки расво кардаӣ моро.

Пас аз мурдан нахоҳам сояи тӯбӣ, вале хоҳам,
Ки рӯзе соя дар хокам фитад он сарвболоро.

Ҳазар кун аз дами сарди рақиб, эй навгули хандон,
Ки аз боди хазон офат расад гулҳои раъноро.

Дило, то метавон, имрӯз фурсатро ғанимат дон,
Ки дар олам намедонад касе аҳволи фардоро.

Зулоли Хизр бошад хоки поят, ҷойи он дорад,
Ки завқи хокбӯсӣ бар замин орад Масеҳоро.

Ҳилолиро чӣ ҳадди он, ки бар моҳи рухат бинад?
Ба ишқи нотамоми ӯ чӣ ҳоҷат рӯи зеборо?

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *