Зи рӯи меҳр агар рӯзе бибинӣ як-ду шайдоро

Ғазали шумораи 5

Зи рӯи меҳр агар рӯзе бибинӣ як-ду шайдоро,
Ба мо ҳам гӯшаи чашме, ки шайдо кардаӣ моро.

Ба ҳар ҷо по ниҳӣ, он ҷо ниҳам сад бор чашми худ,
Чӣ бошад, оҳ, агар як бор бар чашмам ниҳӣ поро?

Маро гар дар таманнои ту ояд сад бало бар сар,
Зи сар берун нахоҳам кард ҳаргиз ин таманноро.

Чу дар бозори ҳусн аз як тараф пайдо шудӣ ногаҳ,
Харидорони Юсуф бартараф карданд савдоро.

Шунидам ин, ки фардо моҳи ман азми сафар дорад,
Бимирам кош имрӯзат, набинам рӯи фардоро.

Ҳилолиро ба як дидан ғуломи хештан кардӣ,
Аҷаб биноие кардӣ, бинозам чашми биноро.

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *