Аз он танҳоии мулки ғарибӣ шуд ҳавас моро

Ғазали шумораи 6

Аз он танҳоии мулки ғарибӣ шуд ҳавас моро,
Ки рӯзе чанд нашносем мо касрову кас моро.

Зи дасти мо агар побӯси хубон барнамеояд,
Ҳамин давлат, ки хоки пои эшонем, бас моро.

Ба роҳи маҳмили ҷонон чунон бехуд наем имшаб,
Ки ҳуши рафта боз ояд ба фарёди ҷарас моро.

Ба оби чашми мо парварда шуд хору хаси кӯяш,
Вале гулҳои ҳасрат медамад з-он хору хас моро.

Гар аз дил ҳар нафас ин оҳи оламсӯз бархезад,
Касе дигар нахоҳад сохт бо худ ҳамнафас моро.

Зи дасти мо кашидӣ турраву сад ҷо гираҳ бастӣ,
Ки кӯтаҳ гардаду дигар набошад дастрас моро.

Ҳилолӣ, рӯзгоре шуд, ки дур аз гулшани рӯяш
Фалак дилтанг медорад чу мурғони қафас моро.

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *