Гаҳ-гаҳам хонию гӯӣ, ки чӣ ҳол аст туро?

Ғазали шумораи 7

Гаҳ-гаҳам хонию гӯӣ, ки чӣ ҳол аст туро?
Ҳоли ман ҳоли сагон, ин чӣ суол аст туро?

Мекунам ёди туву меравам аз ҳол ба ҳол,
Ман ба ин ҳолу напурсӣ, ки чӣ ҳол аст туро?

Солҳо шуд, ки хаёли камарат мебандам,
Ҳаргизам ҳеч нагуфтӣ: Чӣ хаёл аст туро?

Эй гули боғи латофат, зи хазон эмин бош,
Ки ҳанӯз аввали наврӯзи ҷамол аст туро.

Васфи ҳусни ту чӣ гӯям, ки зи асбоби ҷамол
Ҳар чӣ бояд, ҳама дар ҳадди камол аст туро.

Навбати кавкабаи моҳи ман аст, эй хуршед,
Беш аз ин ҷилва макун, вақти завол аст туро.

Умр бигзашт, Ҳилолӣ, ба умеди даҳанаш,
Худ бигӯ, ин чӣ таманнои муҳол аст туро?

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *