Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро

Ғазали шумораи 8

Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро,
Душмани ҷонию аз ҷон дӯсттар дорам туро.

Гар ба сад хори ҷафо озурда созӣ хотирам,
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.

Қасди ҷон кардӣ, ки яъне, даст кӯтаҳ кун зи ман,
Ҷон ба каф бигзораму аз даст нагзорам туро.

Гар бурун оранд ҷонамро зи хилватгоҳи дил,
Нест мумкин, ҷони ман, к-аз дил бурун орам туро.

Як-ду рӯзе сабр кун, эй ҷони барлабомада,
З-он ки хоҳам дар ҳузури дӯст биспорам туро.

Инчунин, к-аз савти мутриб базми айшам пурсадост,
Мушкил, огоҳӣ расад аз нолаи зорам туро.

Гуфтаӣ: Хоҳам Ҳилолиро ба коми душманон,
Ин сазои ман, ки бо худ дӯст медорам туро.

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *