Ман кистам, то ҳар замон пеши назар бинам туро?

Ғазали шумораи 9

Ман кистам, то ҳар замон пеши назар бинам туро?
Гоҳе назар кун сӯи ман, то даргузар бинам туро.

Афтода бар хоки дарат, хуш он ки оӣ бар сарам,
Ту зери по бинию ман болои сар бинам туро.

Як бор бинам рӯйи ту, дилро чӣ сон таскин диҳам?
Таскин наёбад ҷони ман, сад бор агар бинам туро.

Аз диданат бехуд шудам, биншин ба болинам даме,
То чашми худ бикшояму бори дигар бинам туро.

Гуфтӣ, ки ҳар кас як назар бинад маро, ҷон медиҳад,
Ман ҳам ба ҷон дар хидматам, гар як назар бинам туро.

Сад бор оям сӯи ту, то ошно гардӣ ба ман,
Ҳар бор аз бори дигар бегонатар бинам туро.

То кай Ҳилолиро чунин з-ин моҳ медорӣ ҷудо?
Ё Раб, ки эй чархи фалак, зеру забар бинам туро!

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *