Ҷон хуш аст, аммо намехоҳам, ки ҷон гӯям туро

Ғазали шумораи 10

Ҷон хуш аст, аммо намехоҳам, ки ҷон гӯям туро,
Хоҳам аз ҷон хуштаре бошад, ки он гӯям туро.

Ман чӣ гӯям, к-ончунон бошад, ки ҳадди ҳусни туст?
Ҳам ту худ фармо, ки чунӣ, то чунон гӯям туро.

Ҷони ман, бо он ки хос аз баҳри куштан омадӣ,
Соате биншин, ки умри ҷовидон гӯям туро.

То рақибонро набинам хушдил аз ғамҳои хеш,
Аз ту бинам ҷавру бо худ меҳрубон гӯям туро.

Баски мехоҳам, ки бошам бо ту дар гуфтушунид,
Як сухан гар бишнавам, сад достон гӯям туро.

Қиссаи душвори худ пеши ту гуфтан мушкил аст,
Мушкиле дорам, намедонам, чӣ сон гӯям туро?

Ҳар куҷо рафтӣ, Ҳилолӣ, оқибат расво шудӣ,
Ҷои он дорад, ки расвои ҷаҳон гӯям туро.

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *