Ёри мо ҳаргиз наёзорад дили ағёрро

Ғазали шумораи 11

Ёри мо ҳаргиз наёзорад дили ағёрро,
Гул саросар оташ аст, аммо насӯзад хорро.

Дигар аз бетоқатӣ хоҳам гиребон чок зад,
Чанд пӯшам синаи решу дили афгорро?

Бар мани озурда раҳме кун, Худоро, эй табиб,
Марҳаме неҳ, к-аз дилам берун барад озорро.

Боғи ҳуснат тоза шуд аз дидаи гирёни ман,
Чашми ман оби дигар дод он гули рухсорро.

Рӯзи ҳаҷр аз хотирам андешаи васлат нарафт,
Орзуи сиҳҳат аз дил кай равад беморро?

Ҳоли худ гуфтӣ, бигӯ бисёру андак, ҳар чӣ ҳаст,
Сабри андакро бигӯям ё ғами бисёрро?

Дидани дидори ҷонон давлате бошад азим,
Аз Худо хоҳам, Ҳилолӣ, давлати дидорро.

Бадриддин Ҳилолӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *